🕥 38 minut uku
Пораабри Сафеди Чингизхон - 3
Süzlärneñ gomumi sanı 4943
Unikal süzlärneñ gomumi sanı 2171
0.0 süzlär 2000 iñ yış oçrıy torgan süzlärgä kerä.
0.0 süzlär 5000 iñ yış oçrıy torgan süzlärgä kerä.
0.0 süzlär 8000 iñ yış oçrıy torgan süzlärgä kerä.
Акнун ѓулѓулаи мудњиши садњо добулбас нидои љангї, ѓурриши пурхашмона, рамзи бебокиву берањмї, огоњии ў буд ба ањли юриш, ки гўш бидињанд ва бархезанду ба амал биоѓозанд, сўи маќсад, ба фатњи дунё равон бишаванд. Хоњанд рафт онон, кулли одамону њайвоноте, ки гўши шунаво доранд, аз паи ў то охир, то поёни ин уфќи бекарон ва, саропо ларзида, хоњанд гўш дод ба ѓурриши наќорањои љангии вай. Њатто абраки сафед, ин шоњиди наву људоинопазири афкори нињони ў, зери садои сањаргоњии наќорањо, бемайлон болои сари ў чарх мезанад. Бодаки сахте парчами салтанатро, бо аждањори оташнафаси зиндамонандаш, љавлон медињад ва, ана, он ба рафти шамол рў-рўи матоъ медаваду аз ком шўълаи рўшане меафканад…
Њавои сањаргоњони рўзњои охир хуб омад.
Шабњо њам, пеш аз хоб, Чингизхон ба назораи атроф мебаромад. Пањнои дашти бекарон пури гулхан буд, алангаи гулханњои наздик ва милт-милти дурњояш дар њар тараф ба чашм мерасид. Рўи ќароргоњи сарбозону шаббоши корвон ва љои исти галабонњову гала дуди сафед пањн мешуд, одамон ин лањзањо, араќшор шуда, серї гўшт мехўрданд. Бўи гўшти пухта, ки калон-калон аз дегњо берун меоварданд, дарандањои даштро љалб мекард. Гоњ дар ин љову гоњ дар он љо, миёни пардаи зулмот, чашмони беќарори он мављудоти бадбахт дурахшон мешуду уллоси навмедонаашон ба гўш мерасид.
Лашкарро дар ин миён зуд мурдахоб мебурд. Фаќат садоњои посбонони шабгард, ки ќўшунро њини фароѓаташ назорат мекарданд, хотирнишон менамуд, ки шабонгањ низ њаёт дар ин љо мувофиќи тартиботи сахт муќарраршуда идома меёбад. Бояд њамин хел њам бошад: њама чизу њама кас вазифањои хешро доранд, ки нињоятан вобастаи маќсади ягонаву олї – хидмати бечунучарову содиќона ба фикри љањонгирии Чингизхон аст. Дар чунин лањзањо, ботинан сархуш шуда, ў моњияти худ, яъне фавќулодам - њирси рафънопазири девонавори њокимиятро, ки бо фаротар шудани ќудраташ торафт меафзуд, амиќ дарк мекард; аз ин љо ногузир хулосаи мутлаќе њосил мешуд – матлуб танњо њамонест, ки созгори маќсади ќудратафзои ўст ва њар он чизе, ки љавобгўи он нест, њаќи мављудият надорад.
Бино бар ин њам рух дод ќатл дар Сарой, ки ќиссаашро солњои зиёде пас, ба бадбахтии хеш, Абўтолиб Ќуттибоев рўи коѓаз овард…
Боре, њангоми шаббош, саворапосбонон мавќеи ќўшуни тумани ќаноти ростро аз назар гузаронданд. Берун аз бошишгоњи сарбозон истгоњи корвону галабонону дигар ањли хидмати юриш љойгир буд. Посбонон аз он њам сарфи назар нанамуданд. Низоми комил њукм меронд. Одамон, ки аз ин сафари беохир хаста шуда буданд, дар њама љо – дар юртањо, хаймањо, аксаран зери осмони кушод, назди гулханњои нимсўз, пањлўи њам мехобиданд. Атроф сокиту кулли юртањо торик буданд. Талояи савора тафтишро анљом медод. Се нафар сарбози он, аспњояшонро нигоњ дошта, аз кадом хусусе сўњбат мекарданд. Сарбозе, ки сари талоя буд, - савораи тануманди телпаки юзбошї бар сар, - ба овози паст амр дод:
- Хайр, шуд, шумо рафта ѓанаб кунед, ман боз каме њамин љоњоро аз назар мегузаронам.
Ду савора рафтанд. Юзбошї, аввал атрофро бодиќќат назораву гўш карда, баъд аз асп фуромад ва, онро этак намуда, аз назди корвону устохонањои сафарї, аробањои беаспи саррољону дўзандагон ва силоњсозон сўи юртаи танњои канори бошишгоњ ќадам зад. Ў, сарашро хам кардаву ба садоњои атроф гўш дода, андешамандона мерафту анвори моњи афлок тарњи рўи калонаш ва чашмони хира-хира дурахшони аспашро, ки ањлона аз аќиб равон буд, рўшан мекард.
Эрдене-юзбошї ба юртае наздик шуд, ки аз афти кор, интизораш буданд. Аз юрта зане, рўмол бар китфон, баромад ва мунтазирона назди дари он истод.
- Самбайну*[†], - садояшро пахш карда, ба зан салом дод ў, ва ташвишомез пурсид: - Чї њол доред?
- Њамааш наѓз, шукри Осмон, кор ба хубї анљомид. Дигар ташвиш нашав, - пичиррос зад зан. – Интизорат аст вай, бисёр интизор.
- Ман њам аз љону дил диданаш мехоњам! – љавоб дод Эрдене-юзбошї. - Аксии корро бинед, ки нойон ба њисобукитоби аспњо сар карду се рўзи дароз аз байни гала баромада натавонистам.
- Њељ гап не, Эрдене, худро нахўр. Ин љо њам мешудї, аз дастат чї кор меомад? Аз пеши чашми мардум дур бошї, бењтар. – Занак, тасаллибахшона сар љунбонда, илова намуд: - Аз њама муњимаш – наѓз гузашт, осон таваллуд кард. Ягон бор њам дод назад, тоќат кард. Сањарї дар аробаи пўшида љо кардамаш. Њамааш наѓз, гўё њодисае рўй надодааст. Бисёр олиљаноб аст занат… Ња, чї ин ќадар лаќќидам ман! – Ба худ омад занак. – Бози давлате, ки сари китфат нишаст, насибат кунад! – Муборакбод намуд ў. – Барои писарат ном биёб.
- Осмон дуоятро мустаљоб гардонад, Алтун! Ману Догуланг умрбод аз ту миннатдорем. Ном бошад, меёбем, ѓам нахўр.
Эрдене лаљомро ба занак дод.
- Ташвиш нашав, Эрдене, чї ќадар ки лозим бошад, нигоњубинаш мекунам, - гуфт Алтун. – Бирав акнун, бирав, ки Догуланг бисёр интизорат аст.
Юзбошї, лањзае истода, шиддати эњсосашро фурў нишонду баъд назди юрта рафт, пардаи мањкаму вазнини намадиашро нимво кард ва, хам шуда, дарун даромад. Дар мобайни юрта гулхани калоне месўхт ва ў, дар партави хираву заифи он, Догулангашро дид, ки пўстини савсор ба китф, дар кунљи боло нишаста буду бо дасти рост оњиста-оњиста гањвораи бо кўрпаи лаганда пўшидаро мељунбонд.
- Эрдене! Ман ин љоям, - оњиста юзбоширо садо кард ў. – Мо ин љоем, - шармин табассум намуда, худро ислоњ кард пас.
Юзбошї, саросема силоњи хеш – тирдону камону шамшери дарѓилофашро кушода, назди даромадгоњ монду дастонашро ёзонда, назди зан рафт Пеши ў ба зону зад ва рўйњояшон ба њам расид. Онњо, сарњошонро ба китфони њам монда, якдигарро ба оѓўш гирифтанд ва чанде ба њамон њолат монданд. Ва дигар дунёи онњо фазои зери гунбази њамон юрта буду бас. Њама чизи берун аз он истиќоматгоњи сафарї дигар вуљуд надошт. Фаќат он ду нафар, фаќат он чизе, ки ишонро њини ѓалаёни эњсос мепайваст ва мављуди хурдакаки гањвора, ки се рўз пеш ба дунё омада буд, вуљуд доштанду халос.
Аввал Эрдене лаб ба сухан кушод:
- Чї хелї, љонам? Ањволат чї хел? – пурсид ў, нафаси номураттабашро базўр боздошта. – Ман бисёр хавотир шудам.
- Њамааш гузашт, - табассум намуда, љавоб дод зан. – Дар ин бора фикр накун. Бењтараш, дар бораи вай бипурс, дар бораи писарчаамон. Њамин хел баќувватаке њаст, ки… Чунон сахт мемакад синањоямро… Ба ту бисёр монанд аст. Алтун њам мегўяд, ки бисёр монанд аст!
- Нишонам бидењ, Догуланг, бимон бубинамаш!
Догуланг худро канор гирифт ва, пеш аз он ки гањворапўшакро бардорад, беихтиёр хавотиромез ба садоњои берун гўш дод. Атроф сокит буд.
Юзбошї, дар чењраяки њанўз беифодаи тифли хобида нишонањои ба худ монандро љуста, дурудароз ба ў нигарист. Нафасашро ба дарун гирифта, ба навзод менигаристу шояд бори аввал моњияти яздонии ба дунё омадани авлодро њамчун асоси абадият дарк менамуд. Аз афти кор, барои њамин њам, њар як калимаро ќаблан санљида, сипас гуфт:
- Баъд аз ин ман њамеша бо ту хоњам буд, Догуланг, њамеша, њар балое ба сарам биёяд њам. Чунки писари ман бо туст.
- Бо ман хоњї буд? Кош! – Лабханди талхе кард зан. – Гуфтаниї, ки тифлак нусхаи дуюми туст, њамчунон ки Буддоро буд? Њангоми ўро сина додан ин фикр ба сарам омад. Ўро, ки се рўз пеш дар ин дунё набуд, рўи даст гирифтаму аз дилам гузашт, ки ту аз ман таваллуд шудї. Ту њам њозир дар њамин бора фикр кардї?
- Ња, лекин каме дигархелтар. Ман худамро бо Буддо баробар карда наметавонам.
- Баробар њам накун! Ту Буддо не, аждари манї, аждараки ман, - мењрубонона пичиррос зад Догуланг. – Ман умрест, ки дар байраќњо тасвири аждар медўзам ва касе намедонад, ки он њама туї. Дар њама байраќњои ман акси туст. Баъзан хобаш мебинаму дар хоб зардўзиаш мекунам, он гоњ аждар зинда мешавад ва ман, илтимос наханд, - дар хобам оѓўшаш мегирам, мо ба њам меоему парвоз мекунем, аждар, бол кушода мепараду маро њам мебарад ва дар лањзаи ширинтарин дармеёбам, ки туї он. Дар хобам ту гоњ аждариву гоњ одам. Ва, бедор шуда, намедонам ба кадомаш бовар кунам. Ман пештар њам мегуфтамат, ки аждари оташнињодам туї. Бешўхї мегуфтам. Њаќиќатан њамин хел буд. Дар сурати аждар ман туро, таљассуми туро зардўзї мекунам. Пас, маълум мешавад, ки аз аждар таваллуд кардаам.
- Чизе, ки дилат бихоњад, бигзор њамон бошад. Вале гапи маро гўш кун, Догуланг. – Юзбошї хомўш монд ва лањзае пас гуфт: - Акнун, ки фарзанддор шудем, ояндаамонро фикр кардан даркор. Њоло дар ин бора сўњбат мекунем. Лекин ќаблан, бидонї њам, ба ту гуфтан мехоњам, ки њамеша дар орзуи дидорат будаму њастам. Мудњиштарин чизе, ки метарсам, ногоњ дар набард мурдан не, балки гум кардани ин ормон аст. Дар куљое, ки бошам, пайваста меандешам: чї хел ормони хешро аз худ људо кунам, то њамроњи ман намираду бо ту зинда бимонад. Илоље намеёфтаму орзу мекардам, ки ормонам парандае ё дарандае, умуман, мављуди зиндае бишавад, то ба дасти туаш дода, гуфта битавонам, ки бигир, ин ормони ман аст, бигзор дигар њамеша бо ту бошад. Он гоњ аз њалокат боке нест. Акнун дарёфтам, ки писарам њосили он ормони ёду дидори туст. Ва аз ин пас њамеша бо ту хоњад буд.
- Мо-ку њоло номаш њам накардаем. Ту ягон ном ёфтї? – пурсид зан.
- Ёфтам,- љавоб дод юзбошї, - агар ту розї бошї, Ќунан номаш мекунем!
- Ќунан!
- Оре.
- Номи наѓз. Ќунан! Саманди љавон.
- Бале, аспи сесоле, ки дар айни мадору ќувват аст. Ёлаш бўронро мемонаду сумаш – сурбро.
Догуланг рўи навзод хам шуд:
- Гўш кун, писарам, падарат номатро мегўяд!
Ва Эрдене-юзбошї гуфт:
- Номат – Ќунан, писари љонам, шунидї – Ќунан.
Онон, гирифтори моњияти он лањзаи умри хеш, чанде хомўш монданд. Шаби сокит буд. Танњо дар бошишгоњи њамсоя саге худ ба худ мељакид ва аз дур шињаи аспе ба гўш мерасид – шояд дар ин нимашаб ватани кўњсор, рўдњои тезоб, марѓзорњои сабзу хуррам ва анвори офтоб, ки пушти аспонро гарм мекард, ба ёдаш меомад…
Навзод, ки акнун соњиби ном шуда буд, бепарво мехобид. Ќисмати тифлонааш низ алњол пањлўи ў ором мехуфт, вале љаста бар по хестанаш дур набуд.
- Ман натанњо дар хусуси номи фарзандамон фикр кардам, - хомўширо халалдор кардаву мўйлабашро бо кафи баќуввати дасташ молида, ѓамгинона гуфт Эрдене-юзбошї. – Дар бораи чизи дигар њам андешидам, Догуланг. Худат медонї, ки бо навзод дар ин љо монданат мумкин нест. Тезтар рафтан лозим.
- Рафтан лозим?
- Оре, Догуланг ва, њар ќадаре тезтар бошад, бењтар.
- Ман њам дар ин бора фикр кардам, вале куљо биравем, куљо? Ту чї кор мекунї?
- Њозир мегўям. Њамроњ меравем.
- Њамроњ? Ин номумкин аст, Эрдене!
- Фаќат њамроњ! Магар дигар хел шуданаш мумкин аст?
- Як бор фикр кун, охир, ту юзбошии тумани ростї!
- Фикр кардам, бисёр фикр кардам.
- Аз дасти хоќон куљо меравї? Чунин љо дар рўи дунё нест! Ба худ биё, Эрдене!
- Оромтар гўшам бикун, Догуланг, ман њамаашро фикр кардаам. Мо сари ваќт, дар шањрњои серодаму бозордору пури оворањо, ки имкон буд, пинњон нашудем. Њамон рўзњо бењуда нагуфта будамат, ки љандаи ѓарибї бипўшему њамроњи мусофирон овораи дунё шуда биравем.
- Кадом дунё, Эрдене?! – Бо алам хитоб кард Догуланг. – Куљост он диёре, ки ба њоли худ зиста битавонї? Аз Худо гурехтан мумкин асту аз хоќон не. Худат медонї – барои њамин њам љуръат накарда будем. Касе њам аз ањли ќўшун чунин љуръат намекунад. Бино бар ин, миёни тарсу муњаббат мондем ману ту бо сирри хеш – ту аз саф рафта наметавонистї, ки њамбањои сарат буд, ман - аз ту, ки њамбањои бахтам. Ва, инак, танњо нестем мо, писар дорем.
Банди изтироби фаровон њарду хомўш монданд. Баъд юзбошї гуфт:
- Одамон баъзан аз шармандагї, бешарафї, аз љазои хиёнат мегурезанд, мегурезанд, ки љонашонро халос кунанд. Мо маљбурем барои он бигурезем, ки ќисмат фарзандамон додааст, вале бањо њамон хоњад буд. Тарањњум интизор шудан маънї надорад. Хоќон њаргиз амрашро вайрон намекунад. Њоло ки дер нашудааст, гурехтан лозим, Догуланг, илољи дигар нест. Решаи бахту бадбахтї як аст. Бо њам хушбахт будем, акнун – бо њам набояд аз бадбахтї битарсем. Гурехтан лозим.
- Мефањмамат, Эрдене, - оњиста гуфт зан. – Ту, албатта, њаќї. Лекин дар андешаи онам, ки мурдан хуб аст ё зиндагї. Ман ѓами худамро намехўрам. Ман бо ту чунон хушбахт будам, ки ба худ мегуфтам: лозим шавад, мемурам, лекин нишони туро кушта наметавонам. Намедонам, аз доної буд ё аз нодонї, ки дастам пеш нарафт…
- Худатро азоб надењ, Догуланг, ту бояд фикри мурдан ё зинда монданро накунї! Ману ту онеро, ки њанўз таваллуд нашуда буд, ќурбон кардан нахостем. Акнун, ки таваллуд шудааст, ба хотири ў бояд зист. Бояд гурехту зинда монд. Ману ту писар мехостем, охир.
- Ман худамро дар назар надорам. Дигар чиз гуфтан мехоњам. Намедонї, агар маро бикушанд, туву писаракатро зинда мемонанд ё не?
- Бас кун ин гапњоро, Догуланг, маро шарм надорон. Ман чї мегўяму ту чї! Бењтараш, бигў, ки ањволат чї хел аст, ба роњ баромада метавонї? Ту њамроњи Алтун дар ароба меравї, вай аллакай омода аст, ки њамроњиат кунад. Ман – бар-баратон аспсавор, то ки агар њодисае рўй бидињад, рафъ карда битавонам…
- Чизе, ки худат бигўї, - кўтоњакак љавоб дод зардўз. – Бо ту бошам, шуд! Дар бари ту…
Сарњояшонро сўи гањвора хам карда, боз чанде хомўш шуданд.
-Эрдене, - гуфт Догуланг, - мегўянд, ки ба ќарибї ќўшун ба соњили Жаиќ*[‡] мерасад. Алтун аз одамон шунидааст.
- Ња, баъди ду рўз мерасад, чандон ваќти зиёд намондааст. Ба љойњои обхезаш бошад, пагоњ мерасем. Он тараф љангал сар мешавад. Жаиќ њамон љост.
- Калон аст Жаиќ, чуќур аст?
- То Итил бузургтарин дарёи сари роњи мост. На њар асп гузаштааш метавонад, махсусан, љои тезобашро. Шохобњояш рўяктаранд.
- Чуќуру ором аст, бигў.
- Оина барин сокит, лекин тезобљо њам дорад. Медонї-ку: бачагии ман дар даштњои соњили Жаиќ гузаштааст – мо аслан аз ин љоњоем. Сурудњоямон њам њама дар бораи Жаиќанд. Мањтобшабњо замзама мешаванд сурудњои мо.
- Ба ёдам њаст, - андешамандона љавоб дод зардўз, - боре як суруд хонда будї - суруди духтаре, ки аз мањбубаш људо кардандашу худро ба Жаиќ афканд - то њол фаромўшаш карда наметавонам.
- Суруди ќадимаест он.
- Як орзў дорам, Эрдене, мехоњам, рўи абрешими сафед манзараеро зардўзї кунам: об аллакай бањам омадааст ва он љое, ки духтарак худро афканда буд, мављњои мањине ба назар мерасанду халос, дар атроф - рустанињо, парандањо, шапаракњо, вале духтарак нест, ба он алам тоб наовард ў. Мехоњам, ки њар касе он дўхтаро бубинад, суруди пуралами бар фарози дарёи пуралам танинандоз дар гўшаш садо бидињад.
- Баъди як рўз мебинї он дарёро. Бадиќќат гўш кун, Догуланг: шаби дигар бояд ту омода бошї. Њамин ки ман бо аспи эњтиётї пайдо шудам, соати чанде ки бошад, бояд гањвораро гирифта, барої. Таъхир кардан мумкин нест. Дилам мехоњад њамин рўз бубарамат, ба куљое, ки рост биёяд, бубарамат. Лекин атроф – дашти кушод, чор сў – чун дар кафи даст, љое нест, ки сар бизаниву пинњон бишавї. Шабњо њам мањтобї шудаанд. Бо ароба дар ин дашти кушод аз таъќиби саворон дур гурехта наметавонї. Лекин онтарафтар, дар наздикињои Жаиќ, буттазорњо сар мешаванду кор ранги дигар мегирад…
Онњо боз дергоњ машѓули гуфтугў буданд. Гоњ хомўш мешуданду гоњ аз нав ба муњокима мепардохтанд, ки дар остонаи ќисмати ноаёни оянда, ки акнун - бо он тифлаки навзод - се нафаррост, чияшон интизор аст. Майдаяк низ дер мунтазирашон накард – баъди чанд лањза дар гањвора ба љунбидан даромад ва, бабача барин минг-минг карда, гиря оѓоз намуд. Догуланг рўи даст гирифташ ва, аз бетаљрибагї худро гум карда, ба пистонњои хеш љафсаш намуд, пистонњое, ки ин ќадар ба юзбошї шинос буданд, пистонњое, ки дар љўши эњсос бешумор бўсида будашон, пистонњои суфтаву сафеде, ки ў ба пушти лундаяки мурѓобї ташбењашон медод. Акнун пистонњои љонбахши модар буданд онон. Чашмони юзбошї аз њайрату шавќ дурахшиданд ва ў, чизеро аз дил гузаронда, хомўшона сар љунбонд, - чї ќадар ѓам хўрд ў рўзњои охир ва, инак, он чизе, ки дар мўњлати муайянкардаи табиат бояд ба амал меомад, ба вуќўъ пайваст: акнун вай падар асту Догуланг – модар, онњо писар доранду модар тифлакашро сина медињад… Аз ќадим њамин хел аст ин дунё. Алаф аз алаф мерўяду фармонбари табиат аст, њайвон аз њайвон ба дунё меояду фармонбари табиат аст, танњо инсон аст, ки якравона попархам меистаду садди роњи табиат мешавад…
Тифлак чалап-чалап пистон мемакиду аз файзи пистон-мурѓобї бањра мебурд.
- Вой, ќуљ-ќуљакам* меояд, - хушнудона хандид Догуланг. - Ин хел балояк аст-е, часпидаасту дигар људош карда намешавад-е, - мегуфт ў, гўё барои хандаи хушбахтонаи худ маъзарат хоста. – Аз ростї, ки Ќунанмон ба ту бисёр монанд аст. Аждарбача – зодаи аждари калон! Ана, чашмаконашро кушод! Бубин, Эрдене, бубин, чашмони туро канда гирифта-аст, биниву лабњоятро њам…
- Монанд аст, бисёр монанд, - бо майли тамом розї шуд юзбошї. - Касеро ба хотирам меорад ин майдача!
- Чї хел – касеро? – њайрон шуд Догуланг.
- Худамро, албатта, худи худамро!
- Мањ, рўи дастонат бигир лундачаро. Сабуке њаст, ки мегўї бачаи заргўш бошад.
Юзбошї ноўњдабароёна тифлакро рўи даст гирифт. Ќуввату вазни дастонаш он лањза дигар нобарљову нодаркор буд ва ў, њайрон, ки чї кор кунаду кафњояшро барои нигоњ доштани он мављуди маъсум чї гуна созгор созад, боэњтиёт тифлакро ба дилаш зер кард, – аниќтараш, наздики наздик намуд ва, барои он њиси нозуки то кунун барояш ноошно ифодаи мувофиќ љуставу аз дарки онлањзаинааш хушбахтона лабханд зада, мутаассирона гуфт:
- Медонї, Догуланг, ин бачаи заргўш не, дили ман аст рўи дастам…
Навзодро зуд хоб бурд. Ваќти ба љои худ баргаштани юзбошї њам шуда буд.
Як поси шаб, аз юртаи мањбубааш баромада, Эрдене-юзбошї ба мањтоб, ки дар фарози дашти Сарой торафт мунаввартар мешуд, нигарист ва якбора эњсоси комили танњої фарояш гирифт. Рафтанаш намеомад, дилаш боз назди Догуланг, пеши писаракаш баргаштан мехост. Садоњои асроромезу пуртанини шаби бардавоми дашт диќќаташро љалб мекард. Аз он ки равонаи юриши Ѓарб онњо бо амри ќисмат шарики корномањои њоќони кабиранд ва, хидмати ўро ба љо оварда, дар айни замон зери хатар ќарор доранд, - њар лањзае љазои ногузири вай барои тавлиди тифл нобудашон карда метавонад, - Эрденеро ким-чизи ноаёну мудњише дармеёфт. Яъне, пайванди онон бо Њокими Чањор Сўи Олам ѓайритабиї, аз њамин лањза ин љониб бо њаёти шахсии худашон оштинопазиру носозгор аст ва, баробари ин, хулоса ягона хоњад буд – бояд фирор бикунанд, озодї дарёбанд, њаёти тифлашон-ро наљот бидињанд…
Базудї Эрдене дуртар аз юрта Алтун-канизакро, ки тамоми ин муддат аспи ўро нигоњубин мекарду аз тўрбаи сафарї љаваш медод, пайдо намуд.
- Хайр, чї хел, бачањакатро дидї? – зуд ба гап сар кард вай.
- Рањмат, Алтун, дидам.
- Номаш мондї?
- Мондам – Ќунан!
- Номи наѓз – Ќунан.
- Ња, бигзор Осмон бишнавад… Акнун, Алтун, гўш кун, ин гапро дигар ќафо партофтан мумкин нест. Ту ба љои хоњарам њастї, Алтун. Барои Догулангу кўдакаш – модаре њастї, ки таќдир фиристодааст. Ту намешудї, ману ў дар ин сафар бо њам буда наметавонистему дарди фироќ мекашидем. Кї медонад, шояд дигар њаргиз њамдигарро намедидем. «Кулўхандозро подош санг аст» мегўянд, мо имрўз кулўхандозем… Ман миннатдорам аз ту, бењад миннатдорам, Алтун…
- Медонам, Эрдене, - гуфт Алтун, - медонам, чиро дар назар дорї. Охир, коре кардаї ту њам - гўшношунид! – Алтун сар љунбонда, илова намуд: - Илоњї, бахубї бианљомад… Медонам, - идома медод ў, - ту имрўз юзбошии ин ќўшуни бузургї, пагоњ нойон мешудиву як умр бо обрўву эътибор мезистї. Он ваќт ману ту чунин сўњбат намекардем. Ту юзбошиию ман – канизак. Ман куљову ту куљо. Лекин ту чизи дигарро интихоб кардї, бо амри дилат рафтї. Ман, ѓайр аз нигоњубини аспат, кўмаке ба ту карда наметавонам. Вазифаи ман, худат медонї, ба Догуланг ёрї расондан аст. Ва ман, ба ў мењр бастаам, чунки ў, ба гумонам, духтари худои њусн аст. Оре, оре! Зебост ў – љои гап нест. Лекин ман чизи дигар гуфтаниам. Дастони Догуланг сењрофаранд – чанд калобаву порае матоъ њар касе њам ёфта метавонад, вале он чизе, ки Догуланг медўзад, беназир аст. Аз худам ќиёс мекунам. Аждарњое, ки медўзад, зинда барин рўи байраќ медаванду ситорањояш рўи матоъ, чун дар осмон, медурахшанд. Гуфтам-ку: њунарманди худодод аст ў. Ман аз ў људо намешавам. Рафтанї бошед, ман њам – бо шумо. Танњо дар роњ азоб мекашад ў, нав халос шудааст, охир…
- Ман њаминро гуфтанї будам, Алтун. Пагоњ, ќарибињои ними шаб, тайёр будан даркор. Мегурезем. Ту бо Догулангу кўдак – дар ароба, ман, лаљоми аспи эњтиётиро гирифта, аспсавор – бар-баратон. Ба дарёбоди Жаиќ меравем. Муњимаш – то бомдод дуртар рафтан, ки сањар аз паямон наафтанд. Он тарафаш осон…
Њарду хомўш монданд. Пеш аз он ки ба асп савор бишавад, Эрдене-юзбошї, сарашро хам карда, кафи дасти харобаки Алтун-канизакро бўсид. Ќисмати мењрубон фиристодааст барои ўву Догуланг ин зани резаандомро, ки солњои зиёде пеш аз ин дар мулки Чин ба асорат афтодаву њамин тавр то пирї канизи корвони Чингизхон монда буд. Зоњиран беш аз њамсафари тасодуфие дар гирдоби юриши Чингизхон ба Ѓарб набуд ўро ин занак. Вале аслан дар рўзњои сарнавиштсози умрашон пуштибони содиќу ягонаи дилдодањо буд. Юзбошї мефањмид, ки дар ин дунё љуз ў, канизак Алтун, ба касе умед баста наметавонад. Ба касе. Дар байни дањњо њазор одамони мусаллањи ба юриши кабир равону бо нидоњои мудњиш набардљў танњо як њамин канизаки пир тарафи ўро мегирад. Як ў танњову бас. Оќибат њамин хел њам шуд.
Беваќтии он шаб, савори саманди пешониќашќааш Оќжулдуз, аз пањлўи ќўшуни дар бошишгоњу ќароргоњњои корвон фориѓ гузашта, юзбошї воќеаи пешомадро меандешиду ба хотири мављуди навзоду бегуноњтарин аз Худо мадад мехост; охир, њар як навзод пайке аз нияти Худост, пайки нияте, ки мувофиќи он замоне ягон кас чун Худо дар сурати одамї зуњур мекунад ва њама мебинанд, ки инсони њаќиќї бояд чї сон бошад. Худо Осмон аст, Осмони бекарон, Осмоне, ки аќл ба даркаш ољиз аст. Ва як ў медонад, киро чї сарнавиште бидињад – кї ба дунё биёяду умр бубинад.
Эрдене-юзбошї кўшиш кард аз рўи зин фазои ситоразорро назора бикунад, фикран Осмонро зорї бинамояду ботинан посухи ќисматро бишнавад. Вале Осмон хомўш буд. Мањтоби танњо, дар намуди сели бунафши анвор, бар дашти Сарой, ки андар оѓўши хобу пурасрории шабистон буд, фурў рехта, дар ављ салтанат дошт…
Сањар, мардумро ба хестан, мусаллању ба аспњо савор шудан, бору бандро ба аробањо бор кардан водор намуда, боз добулбасњо ба ѓулѓула даромаданд ва боз издињоми сањроии Чингизхон, мафтуну маљбури њокимияти тавонои хоќон, сўи Ѓарб роњ пеш гирифт.
Рўзи њабдањуми юриш буд. Ќисми зиёд – љойњои душворгузари дашти Сарой аќиб монд, имрўз-пагоњ дарёбоди Жаиќ оѓоз мешуд, аз он пас роњ сўи Итили бузург – дарёе, ки дунёи хокиро ба ду ќисмат – Шарќ ва Ѓарб људо мекард, тўл мекашид.
Њама чиз чун пештара буд. Пеш-пеш, савори самандњои сиёњмушкин, парчамдорон мерафтанд. Баъди онњо, дар ињотаи кезегулњову ањли рикобаш – Чингизхон. Зери зини ў йурѓааспи дўстдоштааш – Хубаи ёлсафеди думсиёњ мавзун ќадам мезаду дар тори сараш, ноаён нигоњи хоќонро ороставу ѓурури бе ин њам базўр фурўнишини дилашро афзуда, чун њамеша њамсафари људоинопазираш – абраки сафед њаракат мекард. Њељ аз ў људо намешуд он. Дар рўи замин бошад, аз карон то ба карони пањноро пур карда, издињоми одамї – фављ-фављи сарбозон, аробањо, лашкари бењисоби Чингизхон равон буд. Садое чун ѓурриши бањри шўрида фазоро пур медошт. Ва ин њама, тамоми ин сели равони одаму аспу аробаву силоњу дороиву њайвонот, таљассуми ќудрату ќуввати ў буд, ба ў вобастагї дошту аз сарчашмаи ниятњои ў об мехўрд. Ва он лањзањо, рўи зин, ў њамоно дар бораи чизе меандешид, ки касе љуръати андешиданаш дошт ё на – андешааш аз хусуси салтанати дилљўи љањонї, давлати ягонаю љовидонаи рўи замин буд, ки баъди марг њам дар он њукм хоњад ронд. Чї гуна? Тавассути амру фармонњое, ки дар зиндагиаш абадї рўи лавњњои сангин сабт кардааст. Ва, то барљо будани он харсангњо, ки фармонњои собиташон тарзи њукмронии оламро нишон медињанд, амри ў дар ин дунё вољиб хоњад буд.
Рањравон он лањзањо хоќон дар њамин хусус фикр мекарду андешаи љолиби катибањои сангї, њамчун воситаи дарёфти умри абад, аллакай оромаш намегузошт. Ќарор дод, ки бо ин кор њамин зимистон, дар соњили Итил машѓул бишавад. Дар интизори фурсати убур шўрои уламову хирадманду ѓайбдонњояшро љамъ мекунаду андешањои пурбањо-яшро оид ба давлати љовидон иброз дошта, амру фармонњо медињад ва он њама бетаъхир дар харсангњо сабт мешаванд. Он гуфтањо дунёро чаппагардон мекунанд ва олам њама сар ба ќудуми ў меорад. Бино бар ин њам, ў ба юриш равон асту мебояд кулли мављудоти рўи замин ба ин маќсад хизмат бикунад. Ва њар чизе, ки хилофи ин маќсад асту ба комёбии юриш мусоидат намекунад, мањкуми бартараф намудану решакан кардан хоњад буд.
Боз илњоми шеър гуфтанаш омад:
Аз алмосњои беназири давлати хеш
Дурахшон моње дар осмон устувор мекунам. Оре!..
Мўри пайроњаеро њам гурез нест
Аз оњанин суми аспони лашкари ман… Оре!
Анбони таърихро
Аз саѓрии араќшори аспи ман
Авлоди ќадрдонам бармедоранд
Ва ќадри ќудрат дармеёбанд… Оре!
Њамин хел шуд, ки мањз њамон рўз, баъди пешин, ба Чингизхон хабар доданд, ки алораѓми манъи ќатъии хон зане дар ќофила зойидааст. Падари кўдак маълум нест. Ин хабарро Арасан-хептегул овард. Хептегули рухсорасурху беќарорчашми хастагинопазиру њамеша аз њама чиз бохабар ин дафъа њам аз њама пеш дарак ёфт. «Ќарзи банда њама чизро, тавре ки њаст, пешат арз кардан, аълоњазратам, њушдори љанобашон аз ин хусус бандаро ба њамин водор мекунад», - то ки суханонашро бод набарад, барбабари њоќон асп рондаву аз фарбењї базўр нафас кашида, кўтоњакак хабар дод ў.
Чингизхон аввал сарфањм нарафт ва ба хептегул љавобе надод. Ў, ки он лањза дар хусуси лавњањои сангини орзўяш меандешид, дарзамон он алами ногањонро дарк накард; дер гоњ пеши худ иќрор намудан њам намехост, ки таъсири инчунинеро аз ин хабар интизор набуд. Чингизхон њаќирона сукут варзида, аз алам гардиши аспашро тезтар кард ва њамоно бари домони пўстини сабуки самуриаш, мисли ду боли мурѓи рамида, ба ду тараф бод хўрд. Арасан-хептегул, баробари ў асп давонда, дар њолати ногуворе монда буду чї кор карданашро намедонист: гоње, то ки њузураш ќањри хоќонро наафзояд, лаљомро мекашиду гоње баробараш асп меронд, то ки агар сухане бигўяд, шунида битавонад. Ў сабаби сукути бардавоми њокимро њељ фањмидаву дарк карда наметавонист – душвор аст магар њамагї ду калима – «Ќатлаш кунед!»-ро ба забон овардан – ва њамоно он занаку њаромиашро дар љошон ќуртакљаф карда мекуштанд. Чунин густохзанакро ба намад печонда, дамгир кардан даркор, ки дигаронро ибрат бишавад.
Баногањ хоќон, ба аќиб нигоњ накарда, чунон тунду тез гап зад, ки хептегул рўи зин нимхез шуд:
- Барои чї то зойидани он ќанчиќ касе дамии шикамашро пай набурд? Ё диданду нагуфтанд?
Арасан-хептегул бесарунўг чаро ин хел шудани воќеаро шарњ доданї буд, ки хоќон омирона гапашро бурид:
- Даматро бигир!
Баъди чанд лањза базарда пурсид:
- Бешў буданашро фањмидем, чикора будааст, ки рањбарањ мезойдааст – ошпаз аст, аловмон аст, подабон аст – кї аст?
Ва чун фањмид, ки халосшуда парчамдўз аст, бењад њайрон шуд, чунки то њол боре ба хаёлаш наомада буд, ки касе ба ин кор машѓул аст, яъне, парчамњои зарини ўро мебураду медўзад, њамчунон ки фикр накарда буд – касе мўзањояшро бахиядўзї мекунад ва ё юртањои навбанаве месозад, ки умраш зери гунбазашон мегузашт. То њол ин майда-чайдањо дар хаёлаш намегунљид. Чаро њам худро ба ин фикрњо гаранг кунад, магар ин байраќњо, ки чун гулханњои пешакї афрўхта ќабл аз њузури худаш дар ќароргоњњо, миёни лашкар, дар набарду базмњо пайдо мешуданд, бар фарози ўву лашкараш худ ба худ мављуд набуданд? Ана, њоло њам, пеш-пеш, барои ў роњ кушода, парчамдорон равонанд. Ў ба Ѓарб юриш дорад, ки парчамњои худро он љо парафшон кунаду байраќњои бегонаро зери поњо афканад. Њамин тавр хоњад шуд… Чизеву касе сари роњи ўро гирифта наметавонад. Майдатарин сарпечии њар кадоме аз њамроњонаш, ки бо ў ба љањонгирї равонанд, фаќат марг аст. Љазо ба хотири мутеъ кардан – њамин аст воситаи таѓйирнопазири њукми як кас бар њамагон.
Вале дар ин маврид натанњо занаки зардўз, балки боз каси дигаре њам аз ањли корвон ва ё ќўшун гунањкор аст… Кист он?
Аз њамон лањза табъи Чингизхон хира шуд. Ин аз чењраи беифода, нигоњи вазнин ва нишасташ рўи зин, ки гўё муќобили шамоли сахт ќарор дошта бошад, аён буд. Вале ягон нафари ононе, ки бино бар корњои таъхирнопазирашон љуръати ба ў наздик шудан карда буданд, намедонистанд, ки хиратабъии хоќон начандон аз ифшои воќеаи густохонаи фармоншикании кадом як дўзандаву мањбуби номаълумаш, балки бештар аз он аст, ки ин њодиса ќиссаи тамоман дигареро хотиррасонаш кард; ќиссаеро, ки дар дилу љонаш наќши талху носутурдании нангине гузошта буд.
Аз нав, хуншор шудаву дилу љонашро сўзонда, љароњати замони љавониаш ба ёд омад; замоне, ки ў њанўз номи аслиаш - Темучинро дошт ва њоло касе гумон намекард, ки аз он саѓераи бепадар - Темучин Њокими Љањор Сўи Олам мерўяд; он ваќт ў худ низ њанўз дар хусуси ба ин монанд чизе фикр намекард. Њамон айёми дур, дар айни љавонї вай фољиаи нангинеро аз сар гузаронд. Зани љавонаш – Бортэро, ки волидони Темучин њанўз дар кўдакиаш хостгорї карда буданд, дар асалмоњи хонадориашон, њангоми њуљуми ќабилаи њамсоя – меркитњо дуздиданд ва то ў, њангоми њуљуми навбатї, боз ба даст овардаш, ки рўзњои зиёде сипарї шуд, рўзу шабони бешуморе гузаштанд, ки барои њисоби аниќашон акнун њам, агарчи бо ќўшуни бисёрњазора ба фатњи Ѓарб мерафт, то номи худро дар маснади салтанати љањонї барќарору абадан дастнорас бисозад ва њамаро – рўпўшу фаромўш, мадораш намерасид.
Он шаби дур, ваќте ки меркитњои палид, баъди гирудори серўзаи хунин, бетартибона гурехтанд; галањову ќароргоњашонро партофта гурехтанд; зери фишори мудњиши берањмона, танњо барои љони ночизашонро рањо кардан, аз ќасос гурехтанд; ваќти амалї гаштани савганди интиќом, ки нидо мекард:
… Парчами куњану аз дурњо аёни худро
Пеш аз юриш дар хуни хасм тар кардаам
Ва наќораи ѓулѓулафкани хешро,
Ки пўсти барзагов ба рў дорад, ба садо овардаам.
Ба саманди сияњёли хеш нишастаам,
Љавшани бешикаст ба бар кардаам.
Шамшери беамон ба даст бигрифтаам,
Бо меркитњо то мурдан хоњам љангид…
Мардуми меркитро то кўдаки гањвора нобуд
хоњам кард
Ва то лонаи чуѓз шудани маконашон…
- ваќте ки дар он шаби фиѓону нола ин савганди мудњиш пурра ба иљро расид, њамроњи осемасар гурезандагон, ки таъќиб мешуданд, аробаи рўпўшидае њам бошитоб он маконњоро тарк мегуфт. «Бортэ! Бортэ! Куљої? Бортэ!» – бо тамоми овоз фарёд мекард Темучин, маъюсона худро ба чор тараф задаву дар ягон љояш наёфта ва оќибат, њангоме ки ба аробаи рўпўшида расиду одамонаш сарибод аробакашро ба љањаннам фиристоданд, Бортэ ба фарёдаш љавоб дод: «Ман ин љоям! Ман – Бортэ!» – ва аз ароба парид, ў низ худро аз асп афканд, њарду ба истиќболи њам шитофтанду якдигарро миёни пардаи тирагї ба канор кашиданд. Ва њамон лањзае, ки њамсари љавонашро сињату саломат дар оѓўшаш дарёфт, чун зарбаи ногањоние ба дилаш, бўи ношиносу бегонаи, аз афташ мўйлабњои сахт дуди тамокуолударо, ки дар гардани гарму нарми ў монда буд, эњсос кард ва лабони хешро, то хуншор шудан газида, љобаљо карахт шуд. Дар атроф њамоно набарду гирудор, зумраеро нест кардани дигарон идома дошт…
Баъд аз он ў дигар ба љанг надаромад. Њамсари аз асорат рањондаашро ба ароба шинонда, аќиб гашт. Мекўшид худро нигањ дорад, то дарњол он чизе, ки вуљудашро сўхт, аз дањанаш набарояд. Баъд тамоми умр худро хўрд. Мефањмид, ки занаш на бо ихтиёри худ ба дасти душманон афтод. Вале ба чї ќимате зинда монд ў? Як тори мўяш њам кам нашуд. Маълум буд, ки дар асорат азобаш надодаанд, азиятдида гуфтан мумкин набуд ўро. Вале баъдан њам дар ин бора миёни онњо гуфтугўи рўирост доир нашуд.

Sez Tajik ädäbiyättän 1 tekst ukıdıgız.